ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Давоми 7 моҳи соли равон дар ноҳияи Шаҳритуз дасти кам 55 оила, ақли никоҳи худро бекор карданд, хабар медиҳад сомонаи "Фараж" бо такя ба маълумоти мудири бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ Раҷабзода Фотима.
Ба иттилои манбаъ, пошхӯрии оилаҳо дар ин муддат дар муқоиса ба як соли қабли ҳудуди 19 ҳолат камтар аст.
Имомхатиб талоқ тариқи смс-ро "бетартибӣ" хонд
Зимнан Фотима Раҷабзода омили асосии коҳиш ёфтани пошхӯрии оилаҳоро дар ин манотиқ ба пурзӯр шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ рабт медиҳад.
Ӯ мегӯяд дар ин муддат се оилаи ҷавон, ки нияти аз ҳам ҷудо шуданро доштанд, пас аз гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ онҳо аризаи пешниҳод намудаашонро бозпас гирифтанд ва аз вайрон шудани хонаводаашон пешгирӣ карданд.
Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаш моҳи соли равон 170 зан шикоят бурдааст
Зимнан Раҷабзода илова намудаст, ки аз 55 оилаи пошхӯрда дар 41 ҳолат бо ҳалномаи суд ақли никоҳи онҳо бекор ва дар 14 мавриди дигар бо аризаи тарафайн бекор карда шуд.