БДА рақамҳои зебои силсилаи "DT"-01-ро ба фурӯш мегузорад

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "DT"-01 хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 август — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, музояда рӯзи 31 август дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 31 августи соли 2019 аломати сабти давлатии силсилаи "DT"-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — омадааст дар эълом.

БДА замони баргузории "Муоинаи техникӣ"-ро эълон карду онро ҳатмӣ гуфт

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

БДА қонуншикании ҶДММ Шоҳроҳи Бадахшон ва Талко Персияро ошкор кард: рӯйхати ВУД

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

БДА рақамҳои зебои силсилаи "РВ"-01-ро ба фурӯш мегузорад

Рақамҳои зебо дар сафҳаи Вазорати умури дохила нашр шудааст.