Тоҷикистону Афғонистон минбаъд алайҳи офатҳои табиӣ муборизаи муштарак мебаранд

Дар Душанбе Конфронси минтақавии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо ҳузури намояндагони беш аз 9 давлати ҷаҳон баргузор гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Дар конфронси мазкур, Тоҷикистон ва Афғонистон Созишномаи байниҳукуматиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирии офатҳои табииро  ба имзо расониданд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Покистон долонoҳои зиддитарма месозаду ширкати IRS не: интиқоди вакилон аз ширкат

Бар хабари манбаъ, созишномаи мазкурро роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Рустам Назаров ва Вазири давлатӣ дар умури мубориза бо офатҳои табиӣ ва масоили башардӯстии Агентии милии идораи офатҳои Афғонистон Наҷиб Ака Фаҳим ба тасвиб расониданд.

Роҳҳову заминҳо хароб шуданд: КҲФ сели рӯзи таҷлили Иди Фитр дар ноҳияи Рӯдакиро шарҳ дод

Маврид ба зикр аст, ки дар конфронси мазкур муовини Сарвазири  Тоҷикистон Муҳаммадтоҳир Зокирзода, намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаҳои коҳиши  хатари офатҳо хонум Мами Мизуторӣ ширкат варзиданд.

Гузашта аз ин ба кори конфронси мазкур роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон,  Афғонистон, Эрон, Покистон, Чин, Ҳиндустон, Муғулистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва корпусҳои дипломативу ташкилоти сармоягузорӣ низ даъват шуда буданд.

Диққат, сел омад: қоидаи рафтори дуруст ҳангоми омадани сел-КҲФ

Зикр шуд, ки мақсад аз баргузории конфронси имрӯза  баррасии масъалаи ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ва ба ин васила пайдо намудани роҳи нави робитаҳо мебошад.