ДУШАНБЕ, 21 авг - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, имрӯз муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири тозаинтихоби Фавқуллода ва Мухтори Олмон Андреас Протманнро қабул намуд.
Бар хабари манбаъ, зимни мулоқоте, ки пас аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав сиёсати хориҷии Тоҷикистонро фаҳмонд - акс
Зимнан дар фарҷоми мулоқот муовини Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн барои иҷрои рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.
Сафирони тозаинтихоб дар Тоҷикистон эътимодномаашонро ба Хусрав Нозирӣ супориданд