ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Русия шаҳрванди 36-солаи тоҷикро, ки аз соли 2016 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт, дастгир ва ба Тоҷикистон фиристоданд, хабар медиҳад Додситонии вилояти Кургон.
Бар хабари манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистон соли 2016 тибци моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои расонидани зарари ҷиддӣ ба саломатии инсон) гумонбар дониста шуда буд.
Ҷавони хизматгурез аз Русия ба Тоҷикистон истирдод мешавад
Манбаъ меафзояд, номбурда мардеро бо хишти хом мавриди латукӯб қарор дода, сипас аз Тоҷикистон фирор кардааст.
Ӯро танҳо моҳи августи соли равон кормандони пулиси вилояти Кургон дастгир намуданд.
Имомпошо Аҳмадов - як ҷангии ДОИШ ба Русия истирдод шуд - ВИДЕО
Гумонбар дар ҷинояти зикршуда, билфосила ба мақомоти амниятии Тоҷикистон истирдод карда шуд.