Насим Ҳомидов барои иштибоҳкорӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насим Ҳомидов, ёрдамчии асосии довар аз шаҳри Душанберо бо сабаби ҷой доштани иштибоҳ дар кораш, аз ҳаққи доварӣ дар чанд бозӣ маҳрум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 21-уми август дар сомонаи расмиаш аз таъини ҷазо нисбати Насим Ҳомидов хабар дода,  афзуд иштибоҳи ин довар ба натиҷаи бозии дастаҳои “Оби Зулол”-и Истаравшан ва “Хатлон” - и Бохтар, ки  ба ҳисоби 1: 2 бо пирӯзии дуюмӣ  хотима ёфт, таъсир расонидааст.

Муроҷиати мухлисони футбол ба ноиби Президент: доварон ришва мегиранд ё бесаводанд - видео

Ин бозӣ, ки 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии Истаравшан бо иштироки 10 000 тамошобин доир гардид, Насим Ҳомидов ҳамчун ёрдамчии довар, голи задаи бозингари Истаравшаниро иштибоҳан аз ҳолати  ғайрибозӣ арзёбӣ намуду ҳисоб накард.  Аммо муайян шуд, ки дар лаҳзаи пеш аз задани гол, тӯб  ба  бозингари “Хатлон” расида буд.

Кумитаи доварони ФФТ,  Насим Ҳомидовро барои ин амалкардаш, ки вайрон кардани Кодекси интизомӣ ба ҳисоб меравад, аз ҳаққи доварӣ  дар ду давраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ва чорякфинали Ҷоми кишвар маҳрум кардааст.

Таъини ҷазо нисбати Насим Ҳомидов як рӯз баъд аз нашри муроҷиатномаи  мухлисони дастаи “Оби Зулол”- и Истаравшан унвонии ноиби Президенти ФФТ Алишер Уронов сурат гирифтааст. 

Мессиро муҷозот ва 1,5 ҳазор доллар ҷарима бастанд

Мухлисон бо пахши як муроҷиатнома унвонии Алишер Уронов, норозигии худро аз кори доварони тоҷик баён карда, гуфтаанд, ки “аз бозии рӯзи 18-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан миёни дастаҳои “Оби Зулол” ва “Хатлон” собит мешавад, ки доварон ришва мегиранд ва ё онҳо комилан бесаводанд. Зеро довари асосӣ ва доварони канорӣ голи футболбозони мизбононро ро ҳисоб накардаанд”.

Мухлисони дастаи футболи “Оби Зулол”-и Истаравшан, бо пахши муроҷиатнома аз масъулини ФФТ тақозо намуданд, ки пеши роҳи доварони иштибоҳкор гирифта шавад. Зеро чунин амалкарди доварон монеаи рушди футболи тоҷик гардида, орзуи сокинонро дар ин бора барҳам мезанад.

Аз ҳаққи доварӣ маҳрум шудани Насим Ҳомидов, дуюмин мавриди таъини ҷазо нисбати доварони футболи тоҷик танҳо дар ду ҳафтаи ахир ба ҳисоб меравад.  Санаи 19-уми август Кумитаи доварони ФФТ, бо як қарор Некрӯз Умаровро, барои роҳ доданаш ба хатоиҳои ҷиддӣ ҳангоми бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” –“Хуҷанд” аз ҳаққи доварӣ дар чанд бозӣ маҳрум карда  буд.