ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуд.
Бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Деваштич дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Бинои нозироти андози ноҳия аз як ошёна бо таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 8 ҳуҷраи корӣ, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, маркази қабули шаҳрвандон ва маҷлисгоҳ мебошад.
“Дар бино як терминали электронии хизматрасонӣ бо маҷмӯи компютерҳо насб карда шудааст. Ин тарзи пешрафтаи пешниҳоди эъломияи андоз ба тариқи электронӣ аз ҷониби андозсупорандагон — шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ буда, ба ҳисоби шаффоф, бидуни омили инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию уҳдадориҳои андозсупорӣ мусоидат менамояд”, таъкид намудааст манбаъ.
Президенти Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ ба кормандони нозироти андоз дастур додааст, ки корро бо андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон анҷом диҳанд ва барои ғанӣ намудани буҷети давлатӣ бо масъулиятшиносӣ фаъолият намоянд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич Маҷмаи муосиру тозабунёди модару кӯдакро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Манбаъ қайд намудааст, ки ин Маҷмаи калони солимии модару кӯдак бо супориши бевоситаи Президенти Тоҷикистон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамом сохта шуда, дар он барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтани модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам оварда шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии ин Маркази тиббӣ таъкид намудааст, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумати Тоҷикистон мебошад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.
Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст ва роҳбари давлат парда аз рӯи муҷассама бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасониҳои сатҳи баланд ба модару кӯдак даъват кард.
Дастури Раҳмон ба Бонки миллӣ барои додани қарз ба соҳибкорони Мастчоҳ
Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич - шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз иншооти навбунёд ва шароити фароҳамомада ошно шуда ба масъулину кормандон барои хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.