ДУШАНБЕ, 20 авг - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон дар садади таъсис додани системаи ҷадиди интиқоли маблағ аст, ки интизор меравад сар аз 1 уми сентябр ба фаъолият шурӯъ кунад.
Аз ин рӯ намояндагони Бонки миллии Тоҷикистонро мебоист ин навовариро бо шарикони руси худ мавриди баррасӣ қарор диҳанд", - мегӯяд Хоҷаммаҳмад Умаров, мудири шӯъбаи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.
Бонки миллӣ қурби асъор дар бозори нақдию ғайринақдиро гуфт
Умаров илова намуд, маблағҳое, ки аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешаванд, даромади асосии шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад ва иқтисодиёти ин кишвар низ пойбанди маблағҳои ирсолгардидаи муҳоҷирон мебошад, аз ин рӯ ин навовариро бояд бо низоми бонкии Русия ҳамоҳанг намуд.
Зимнан ин коршиноси тоҷик гуфт, ки феълан дар тамоми дунё раванди ба ҳам наздик намудани низоми бонкӣ идома дорад.
Вазорати молия ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистонро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки дар семоҳаи аввали соли 2019 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 111,8 миллион доллар интиқол додаанд.
Тақрибан 90 дарсади интиқолҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегирад.