Бонки миллӣ аз норасоии доллар ва фарқияти зиёди қурб дар бозори сиёҳ иқрор шуд

Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки новобаста аз тағйирёбии муътадили қурби расмӣ, норасоии доллари дар бозори дохилӣ ва дар натиҷа баланд гардидани қурби фурӯши он дар бозори ғайрибонкӣ, ба амал омада аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Масъулини Бонки миллӣ дар сомонаи расмӣ дар пахши як гузориш таъкид намуданд, ки ҳолати мазкур талаботи доимии ба асъор ҷойдоштаро зиёдтар намуда, ба ҳаннотон ва дигар манфиатдорон имконияти афзун гардонидани фишорҳои қурбӣ ва тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Пешбинии Ҳукумат: қурби доллар ҳамагӣ 3 дар сад боло меравад

“Дар ин асос, фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллар нақд дар бозори ғайрибонкӣ, меъёри муқарраршудаи 2 фоизаро гузашта, аз 2,8 фоиз дар санаи 01.02.с.2019 то ба 6,1 фоиз дар санаи 15.05.с.2019 зиёд гардид”,- қайд намудааст манбаъ.

Инчунин Бонки миллӣ яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани талабот ба долларро, дар афзоиш ёфтани тавозуни манфии савдои кишвар, коҳишёбии вуруди интиқолҳои пулӣ ва кам шудани пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва ғайраҳо, мебинад.

Масъулини бонки миллӣ зикр намуданд, ки аз муроҷиати корхонаву ташкилотҳо ва истеҳсолкунандагони ватанӣ маълум мегардад, ки масъалаи норасоии асъори хориҷӣ яке аз мушкилоти асосии пешбурди фаъолияти самараноки онҳо гардидааст.

“Дар ҳаҷми пурра қонеъ нагардидани талаботи мизоҷон ба доллар аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, онҳоро маҷбур месозад, ки бо мақсади нагирифтани зарар аз фаъолият ба бозори ғайрибонкии асъор рӯ оваранд”,- таъкид доштаааст Бонки миллӣ.

Мутахассисони Бонк афзуданд, ки дар ҳоли ҳозир, ба хотири зиёд будани фарқият байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани пулҳояшон дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд.

Масленников: рубли русӣ харед, қурби доллар болотар мешавад

Тибқи омори манбаъ, аз оғози сол то имрӯз ҳаҷми фурӯши доллар аз ҷониби мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ ба андозаи 25,1 фоиз ва аз ҷониби аҳолӣ ба андозаи 28,6 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, камтар шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки Бонки миллӣ дар соли равон бо истифода аз тамоми манбаъ, имконияту воситаҳо, аз ҷумла аз механизми хариду фурӯши рубли русӣ, норасоии асъор ва фишорҳои қурбиро коҳиш дода, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи давлатро таъмин намуда истодааст.

Масъулини Бонки миллӣ афзудаанд, ки Бонк дахолатҳои асъории худро, тавассути татбиқи усулу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, аз ҷумла бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши коғазҳои қиматнок анҷом дода, фаъоляти бозорро ба танзим медарорад.

Ҳамин тавр масъулини Бонки милли барои бартараф намудани фарқияти зиёд қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллар дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ як қатор чораҳои иловагӣ, пешниҳод кардааст.

“Барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллар ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллар ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад. Ҳамзамон, мутавозунии қурби пули миллӣ ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридот мусоидат намуда, бевосита боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ низ мегардад”, - қайд намудааст Бонки миллӣ.

БМТ аз мӯътадилии қурби доллар ва уфти рублу ҷаҳиши евро хабар дод

Ҳамзамон манбаъ ёдрас шудааст, ки соли гузашта коҳишёбии қурбӣ асъорҳои миллӣ дар минтақа назаррас буд ва аксар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ, тавассути тасҳеҳи сиёсати қурбӣ, тағйирёбии арзиши пули миллияшонро ба танзим дароварданд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки Бонки миллӣ вазъияти сиёсати қурбиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорат қарор дода, барои таъмини суботи бозори дохилии асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ аз тамоми воситаю имкониятҳо ва захираҳои зарурии худ истифода хоҳад кард.