Бо сафари Раҳмон Мастчоҳ чӣ гуна шуд - гузориши аксӣ

Sputnik

Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари кишварро дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳрон сокинони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо самимият ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Раҳмон ба Суғд рафт: сафари кории раисҷумҳур аз Мастчоҳ оғоз ёфт

Тавре манбаъ таъкид намудааст, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ соли 1996 таъсис ёфта, яке аз ноҳияҳои зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб меравад.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ – шаҳраки навбунёди Меҳрон бинои беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Бинои беморхонаи марказӣ дуошёна буда, дар муддати кӯтоҳ сохта шудааст.

Раҳмон дар Мастчоҳ: Президент беморхона, биноҳои нави ВУД ва “Амонатбонк”-ро ифтитоҳ кард

Манбаъ таъкид намудааст, ки то имрӯз беморхонаи марказии ноҳия ба талабот ҷавобгӯ набуд ва сокинон аз сабаби набудани шароит барои ташхису табобат ба маркази вилоят, ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Душанбе мерафтанд, ки ин харҷи зиёд талаб мекард. Бо сохтмони ин иншоот ин камбудиҳо бартараф шуд.

Инчунин, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрон бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода дод.

Ба Раҳмон гуфтанд, сокинони Мастчоҳ дар Кони Ғузн маоши хуб мегиранд

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва намои зебо сохта шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки то ин вақт кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳия дар бинои кӯҳнаву фарсуда ва дар шароити номутобиқи корӣ фаъолият доштанд.

Раҳмон дар Мастчоҳ ба оташнишонон мошин туҳфа карду бинои КДАМ-ро ифтитоҳ кард

Ҳамзамон роҳбари кишвар дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави филиали рақами 41-и "Амонатбонк"-ро дар ин ноҳия ифтитоҳ намуд.

Тавре манбаъ қайд намудааст, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон, мақомоти вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ дар ноҳия ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушахас дод.

Инчунин, Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро дар ноҳия мавриди ифтитоҳ намуд.

Бинои нави шуъбаи  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ  аз ҷониби Дирексияи иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон сохта шуда аст.

1 / 14
Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
2 / 14
Истиқболи Раҳмон бо рақсу либоси миллии гулдухтарон
3 / 14
Оғози сафари кории Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
4 / 14
Акси раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳалқаи занону духтарони ноҳияи Мастчоҳ
5 / 14
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури сокинони ноҳияи Мастчоҳ
6 / 14
Ифтитоҳи беморхонаи марказии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
7 / 14
Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи беморхонаи марказӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ
8 / 14
Ифтитоҳи бинои Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
9 / 14
Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ бинои филиали "Амонатбонк" ифтитоҳ кард
10 / 14
Акси президент бо кормандони филиали нави "Амонатбонк" дар мастчоҳ
11 / 14
Маросими ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ
12 / 14
Ифтитоҳи майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар Мастчоҳи Кӯҳӣ
13 / 14
Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуд
14 / 14
Инчунин президент Раҳмон дар ноҳияи мазкур бинои нави додгоҳро ба истифода дод