Бонки миллӣ қурби асъор дар бозори нақдию ғайринақдиро гуфт

Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ дар бозори нақд ва ғайринақдии кишвар барои имрӯзро эълон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ, имрӯз қурби расмии асъори хориҷӣ, 1 доллар -  9.4398 сомонӣ, 1 евро – 10. 4584 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1423 сомонӣ муқаррар шудааст.

Арзиши рубл дар бозори нақди Тоҷикистон поин рафт

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари нақд дар ташкилоти қарзии Тоҷикистонро аз 9.4398 то 9.4400 сомонӣ, арзиши миёнаи фурӯши 1 евро аз 10.4584 то 10.6000 сомонӣ ва 1 рубли русиро аз 0.1423 то 0.1435 сомонӣ муқаррар кардааст.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон нишондоди фурӯши рубл дар ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон  аз 0.1486  то  0.1510 сомонӣ буд. Ҳамчунин корафтодагон мегӯянд, бо арзиши нишондодаи Бонки миллӣ пайдо кардани асъори амрикоӣ – доллар дар кишвар мушкил мебошад ва қурби аслӣ болотар аз нишондоди расмист.

БМТ ҳушдор додааст, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".