ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота кемрӣ”, Турсатов А, донишҷӯӣ соли 4-уми Донишгоҳи давлатии Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кучаи М.Турсунзода ба самти кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо мошини “Камаз-65115С” бархӯрдааст.
“Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи “Тойота-Кемри” шаҳрвандон - Г.Раҷабова соли таваллудаш 1943 ва Ш.Азимова соли таваллудаш 1967, истиқоматкунандагони ноҳияи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидаанд”, - омадааст дар иттилоия.
Садамаи дигари маргбор дар вилояти Хатлон, 18-уми август дар ноҳияи Восеъ рух додааст, ки бо марги кӯдаки 5-сола анҷомид.
“Ронандаи “Опел-Астра”, Ашурмад Туйдаков, соли таваллудаш 1967, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи мошингарди ноҳияи Восеъ-Ховалинг, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Раҷабов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол С.Исуфови 5 соларо, ки истиқоматкунадаи ҷамоати деҳоти Кулоб мебошад, пахш намудааст”, - иттилоъ дод ВУД.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа Исуфов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ВУД таъкид кард, ки таҳқиқи ин ҳодисаҳо феълан идома дорад.