Қодиров инфиҷори маросими арӯсӣ дар Афғонистонро шадидан маҳкум кард

Роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба пайвандони афроди кушташуда дар маросими издивоҷ дар Афғонистон, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳу суббот дар ин кишвари ҷангзада даъват намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Рамазон Қодиров дар сафҳаи Telegram аз ҳодисаи даҳшатбори Афғонистон, ки маросими хурсандӣ ба мотам мубаддал ёфт, сахт изҳори нигаронӣ намуда ба хешовандони ҳалокшудагон ва захмбардоштагон арзи таслият намуд.

Фоҷиа: ҳалокати 68 нафар дар як маросими туй

Роҳбари Чеченистон аз ҳамлаи як ҳафтаи қабли Афғонистон низ ёдовар шуд, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар ва маҷрӯҳ шудани чандин нафари дигар гардида буд.

Ғазаби Қодиров аз таҳқири Путин аз ҷониби рӯзноманигор

Ин сиёсатмадор бар он аст, ки ҳузури ҷангиёни хориҷ дар қаламрави ин кишвар ба фоҷиаи давлатию миллии Афғонистон оварда расонидаст.

Зимнан Қодиров ҳамлаи ахири хунинро сахт маҳкум намуда гуфт, ки чунин ҳамалот Афғонистонро аз сулҳу суббот ва ягонагӣ фарсахҳо дур мебаранд.

Рамазон Қодиров баъди қасамёдкунии Зеленский аз ӯ сахт ранҷидааст

Ёдовар мешавем, ки бар асари таркиш дар толори тарабхонае, ки аз издивоҷи навхонадорон ҷашн мегирифтанд, дасти кам 68 нафар ҳалок ва 180 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.