ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Дар инфиҷори тарабхона дасти кам 68 нафар ҷон бохтанд ва 182 нафари дигар маҷрӯҳ шудҳанд.
Раисҷумҳури ин кишвар аз ҳукуматдорони Афғонистон хост то дар мубориза бар зидди чунин ҳамалоти ғайриинсонӣ сарҷамъ шаванд ва дастҷамъона мубориза баранд.
Гуфта мешавад, масъулияти ҳамлаи маргборро ҷангиёни Давлати исломӣ бар уҳда гирифтанд.
Фоҷиа: ҳалокати 68 нафар дар як маросими туй
Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо, тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд.
Ёдрас мешавем, ки роҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба пайвандони афроди кушташуда дар маросими издивоҷ дар Афғонистон, изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳарчӣ зудтар расидан ба сулҳу суббот дар ин кишвари ҷангзада даъват намуд.