ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Оғоз аз ҳафтаи оянда, ҳавои Маскав гарм хоҳад шуд. Дар ин бора масъули Созмои ҳавошиносии "Фобос", Евгений Тишковетс хабар медиҳад.
"Аз рӯзи душанбе ба шаҳри мо гармии воқеъӣ бозмегардад, ягон қатра борон намеборад ва ҳарорат баланд мешавад. Рӯзи душанбе 21-26, сешанбе 23-28 ва рӯзи чоршанбе 25-30 дараҷа, гарм хоҳад шуд", - изҳор дошт Тишковетс.
Аллакай рӯзи 19 август ҳарорати ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад. Рӯзҳои 20 ва 21 ҳарорат то 30 дараҷа баланд мешавад. Рӯзҳои истироҳат бошад дар Маскав ҳавои гарми роҳат ҳукмфармо хоҳад шуд. Ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои истироҳат то 25 дараҷа гарм шуда, ягон қатраи борон пешбинӣ намешавад.
КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид
Ёдовар мешавем, ки моҳи июл дар Маскав ҳарорати ҳаво паст буд ва рӯзҳои офтобӣ маскавиҳоро шод накард.
Хушбахтона ҳафтаи охири фасли тобистон интизориҳои сокинони Маскавро бароварда мекунад.