Савори қутос: хатсайри нави гардишгарӣ дар Мурғоб

Масъулини ширкатҳои ҷаҳонгардӣ мегӯянд, сайёҳат бо қутос аз сайр бо мошин бартарӣ дорад, чун на ба сайёҳ хатаре таҳдид мекунад ва на ба табиат зараре мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хатсайри нави гардишгарӣ - сайр бо қутос, боз шудааст.

Бештари сокинони  Тоҷикистон шояд дар умри худ як ё ду бор аспу харсаворӣ карда бошанд, аммо ба кам касон муяссар шудааст, ки болои қутос савор шуда, дашту биёбонҳои беканорро давр зананд. Шавқу рағбати  сайёҳони хориҷӣ  барои сайру саёҳат бо қутос  хеле зиёд аст, аксари онҳо   барои  ҳамин азми сафари Мурғоби баландкӯҳ менамоянд, навиштааст хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” Файзи МИРАСАН.  

Видеои қиматтарин шикор дар Тоҷикистон - навор

Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангии Помир Зоолшо Асадшоев, “дар гузаштаи на чандон дур танҳо қутоспарварон ва аҳли хонаводаи онҳо ҳангоми кӯчбандӣ аз як чарогоҳ ба чарогоҳи дигар борҳояшонро ба қутос бор карда, худ низ ба он савор шуда, озими сафар мешуданд.

Аммо ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ як хатсайри ҷадид ташкил кардаанд, ки тавассути қутос  сайёҳон аз пайроҳаҳои пиёдагард гузашта,  то баландии беш аз 3 ҳазор метр боло мебароянд. Мошинҳои мусофирбар имкон надоранд, ки сайёҳонро то ба қуллаи кӯҳ, ҷое ки гӯсфандони Марко Поло сукунат доранд, интиқол диҳанд”.

Ба гуфтаи масъулини ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, сайёҳат бо қутос аз саёҳат бо мошин боз аз он ҷиҳат бартарӣ дорад, ки на ба сайёҳ хатаре таҳдид мекунад ва на ба табиат зараре мерасад.

Аз Анталия то Русия ба Тоҷикистон меоянд: имзои 40 санади ҳамкорӣ дар риштаи ҷаҳонгардӣ

Ба ҷуз ин яке аз шохаҳои Роҳи бузурги Абрешим маҳз аз ҳамин даштҳои ноҳияи Мурғоб мегузарад ва он замон одамон ин даштҳоро бо уштуру аспу қутос убур мекарданд. Сайёҳони қутоссавор низ чун аз ин дашти нопайдоканор мегузаранд, лаҳзае худро ҳамсафари ин корвон эҳсос мекунанд.

Талоши Эрон барои тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ

Як сайёҳи олмонӣ дар дафтари сабти хотираҳои Ассотсиатсияи сайёҳӣ, экологию фарҳангӣ навиштааст, ки "мо аз Германия омадем. Тоҷикистон ба мо бисёр маъқул аст. Лоиқи таҳсин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ диққати хосса медиҳад.

Дар ин сафар ман бори аввал болои қутос савор шуда, бисёр манзараҳои зеборо аз наздик тамошо кардам. Аксҳои зиёд гирифтам, бо мақсади он ки шояд агар ба дӯстони худ дар бораи ин сафарам қисса кунам, онҳо бовар намекунанд. Дар оянда кӯшиш мекунам, ки дӯстони худро низ ҳамроҳ ба ин ноҳияи баландкӯҳ биёрам".

Дар ноҳияи Мурғоб беш аз 2,5 миллион гектар масоҳати чарогоҳ мавҷуд буда, барои парвариши қутос  хеле мусоид аст. Қутос чаҳор фасли сол дар ин чарогоҳҳо барои худ ғизо пайдо мекунад. Танҳо дар сурати аз 20 см зиёд шудани ғафсии барф ба кумаки чорводорон ниёз пайдо мекунад.

Вазни баъзе аз намудҳои ин ҳайвон то ба як тонна мерасад.