Додгоҳ шикояти ҷониби Отамбоевро ба назар нагирифта ҳабси ӯро то 26 август боқӣ гузошт

Вакили мудофеъ аз додгоҳи шаҳрии Бишкек тақозо намуда, Отамбоевро аз боздоштгоҳ раҳо кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Аммо додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳабси собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро бе тағйир гузошта, ӯ то 26 август дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боқӣ мемонад, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон.

Отамбоев ба додгоҳ меояд: баҳси бозбинии ҳабси пешакии собиқ президент

Манбаъ аз қавли вакили дифои Отамбоев, Сергей Слесарёв  хабар медиҳад, ки мурофиаи додгоҳӣ дирӯз дар бинои боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  баргузор гардид ва ҷониби ҳимояи Отамбоев аз додгоҳи шаҳри дархост намуд, ки ӯро раҳо намоянд.

"Мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат гирифт, гарчанде ки қарори таъин кардани парванда он кушода эълон шуда буд. Ин мухолифати руйирост ба қонунгузории кишвар аст. Яъне судяҳо худашон қарор доданд, ки мурофиа ба таври кушод баргузор мешавад, аммо он пушти дарҳои баста сурат гирифт. Чораи пешгирикунанда ҳамоно бетағйир боқӣ монд. Додрас бисёр қонунҳо, аз ҷумла Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва Сарқонунро вайрон намуд", - изҳор доштааст вакили мудофеъ.

Слесарёв мегӯяд, Отамбоев тибқи 14  парвандаи ҷиноятӣ муттаҳам дониста мешавад.

Таҳдиди то 10 соли зиндон ба генерал Асанов баъди музокира бо Отамбоев

Ёдовар мешавем, ки рӯзи  7- уми август дастаи таъиноти махсус барои боздошт намудани собиқ раисҷумҳури Қирғизистон вориди бошишгоҳи Отамбоев гардиданд, вале ба дастгир намудани ӯ муваффақ нашуданд, зеро тарафдоронаш муқобилияти шадид нишон доданд.

Бар асари даргирӣ як нафар аз низомиёни воҳиди таъиноти махсус ҳалок ва беш аз 136 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Отамбоев танҳо дар рғзи дуюми даргирӣ худаш ба мақомоти амниятӣ таслим шуд ва феълан дар боздоштгоҳ қарор дорад.