Вазир дар бораи ҳоли табоҳи корхонаи Аваз Кабиров ва талош барои беҳбудӣ

Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳоли табоҳи корхонаи “Дунёи нав”-и мутааллиқ ба соҳибкор Аваз Кабировро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки фаъолияти муназзами корхонаҳои хусусӣ аз кордониву ташаббускории роҳбарияти он вобаста мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Файзуллозода гуфт, ҳоло Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мақсади рушди саноат лоиҳаи Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар кишварро роҳандозӣ намуда, барои шомил намудани “Дунёи нав” ба ин лоиҳа чораандешӣ шуда истодааст.

Парвандаи ҷиноии №4070 алайҳи писари 18-солаи соҳиби “Султони Кабир”: шарҳи ВУД

“ҶДММ "Дунёи нав АСК" корхонаи хусусӣ буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият ба салоҳияти махсуси маҷлиси умумии иштирокчиёни ҷамъият вогузор шудааст. Бинобар ин, таъмини раванди фаъолияти муназзами корхона аз кордониву ташаббускории роҳбари он вобаста мебошад”, - изҳор доштааст вазир дар посухи расмӣ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият”, ки ахиран аз ҳоли табоҳи корхонаи “Дунёи нав” хабар дода буд.

Вазир афзуд, ки ҳоло дар ин корхона барои кормандони ташкилоти амонатии қарзии “Имон Интернешнл”  либоси ягона ва барои кормандони Ожонси хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси кории махсус медӯзанд.  Ба иттилои Файзуллозода, моҳҳои январ – июни соли 2019 “Дунёи нав АСК” ба маблағи 86 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол намудааст, ки ба гуфтаи ӯ назар ба имкониятҳо хеле кам аст.

Вазир инчунин шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо зикр кардааст, ки беш аз 50 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Либоси қочоқии милисаю ҳарбиёни тоҷик: ҷазои мансабдорони Ожонси таъминоти махсуси Ҳукумат

“Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  талош дорад, ки барои иҷрои ҳадафҳои миллии стратегӣ чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи саноат, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои бештар ҷалб намудани фармоишоти давлатӣ ба корхонаҳои саноатӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамкориро бештар тақвият диҳад”, - омадааст дар посухи расмии вазир.

Қаблан хабар дода шуд, корхонаи истеҳсолии 8-ошёнаи “Дунёи нав”, ки аз ҷониби Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” дар кӯчаи Соҳилии Душанбе бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ сохта шуд, дар ҳоли муфлисшавӣ қарор дорад

Ин корхона бо 500 ҷойи корӣ, ки соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори вақти Душанбе ба истифода дода шуд, дар ҳоли табоҳ қарор дошта, шомили феҳрасти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда шудааст.

“Дар нахустин рӯзҳои фаъолият дар ин иншоот зиёда аз 500 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардида буданд. Вале дар як муҳлати кӯтоҳ корхона бо сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсулоти тайёр рӯ ба муфлисшавӣ ниҳода, шумораи зиёди кормандон аз бекорӣ корхонаро тарк карданд”, - навишта буд  “Ҷумҳурият”.