ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон миннатдории худро ба тамоми мухлисон барои дастгирии мунтахаби то 19 солаи кишвар расонидааст, хабар медиҳад сомонаи "Варзиш".
Гуфта мешавад дар бозии ниҳоии Қаҳрамонии CAFA 2019 миёни тимҳои милли Тоҷикистон ва Эрон ,ки дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, 10 ҳазор мухлис барои дастгирии варзишгарони кишвар ташриф оварданд.
Шикасти дастаҳои мизбон аз меҳмонҳо дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон
Федератсияи футбол таъкид намудаст, ки боре ҳам дар бозиҳои Қаҳрамонии CAFA чунин миқдори бештари мухлисон ба варзишгоҳ ташриф наоварда буд.
Зимнан Федератсияи мазкур ҳамаи мухлисони футболро, рӯзи 5-уми сентябр дар бозии аввали марҳилаи интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2020 байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Қирғистон, ки соати 19:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намудааст.
Мунтахаби Тоҷикистон бозии ниҳоиро мусовӣ анҷом дод ва барандаи медали нуқра гардид
Инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мақомотҳое, ки дар ташкил ва баргузор намудани Қаҳрамонии CAFA 2019 саҳми арзандаи худро гузоштанд, изҳори минаттдорӣ намудаанд.