ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории parstoday, ин марказ танҳо маркази дармонӣ дар рустои 10 ҳазорнафараи Арбобхотун аст ва 9 пизишк ва 12 парастор дар он кор мекунанд.
Хадамоти дандонпизишкӣ, бемориҳои занон ва дохилӣ дар ин марказ ироа мешавад. Ҳадафи бунёди “ТИКА”-и Туркия аз ин иқдом, афзоиши сатҳи фаъолияти маркази мазкур ва хидматрасонии беҳтар ба мардум аст.
Дар 6 моҳ дар Хатлон 36 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта шуд
Ёдрас мешавем, ки ахиран Ширкати чинии Ntusoft Mtdical Corporation эълон намуда буд, ки тасмим дорад дар 7 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон марказҳои пизишкӣ бунёд намояд.
Дору ва дандон: қарори Раҳмон барои ташкили 2 корхонаи нав ва супориш ба Озода Раҳмон
ширкати чинӣ таъкид намудааст, ки сохтусози сохтмонҳои пизишкиро дар ҳамкорӣ бо ширкати “Акси шифо” анҷом хоҳад дод.
Марказҳои пизишкии муъолиҷа ва ташхис дар пойгоҳи бемористонҳои маҳаллӣ сохта шуда бо таҷҳизоти муоссир таъмин хоҳанд шуд.