Вишневский: ислом метавонад дар танзими зоиш ба Тоҷикистон кумак кунад

Роҳбари институти демографӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Анатолий Вишневкий изҳор доштааст, ки чӣ гуна кишварҳои мусалмонӣ раванди зоишро танзим мекунанд
Sputnik
Вишневский: ислом метавонад дар танзими зоиш ба Тоҷикистон кумак кунад

Дар Тоҷикистон аз ҳисоби таваллуди барзиёд раванди босуръати афзоиши аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, тавзеҳ додаст доктори илмҳои иқтисодӣ Анатолий Вишневский дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

"Суръати босуръати аҳолӣ ин ғайримуқаррарӣ аст ва ягон иқтисодиёти кишвар ба он тоб оварда наметавонад", - илова намудаст ин коршинос.

Маҳз барои ҳамин ҳукумати Чин як ширкати назорати таваллудро таъсис дод.

Ба туфайли барномаи махсуси Чин, чандин давлатҳои мусалмон раванди зоиши барзиёдро ба тартиб дароварданд.

Ҳукумати Тоҷикистон зоишро танзим мекунад

Барои мисол ин коршинос Ҷумҳурии Эронро намуна овард, ки  роҳбарияти кишвар барои коҳиш додани мизони таваллуд бо ҳар роҳу васила барномаҳои таблиғотиро паҳн менамуд.

Чунин ҳолат дар дигар кишварҳои мусулмонӣ, аз қабили Алҷазоир, Тунис ва Марокаш низ ба назар мерасад, илова намуд Вишневский.

Вишневский бар ин назар аст, ки танзим намудани зоиш ба эътиқоди мазҳабӣ мухолифат намекунад, зеро ин масоилест, кайҳо боз омӯхта ва ҳалли худро ёфтааст.

Дар Тоҷикистон ҳар рӯз 780 кӯдак таваллуд мешавад

Ёдовар мешавем, ки парлумони Тоҷикистон Барномаи солимии репродуктивӣ барои солҳои 2019- 2021- ро  қабул намуд, ки бар асоси ин барнома аз ҳамли нохостаи қариб 450 ҳазор ҳолат пешгирӣ карда мешавад.