ДУШАНБЕ, 15 авг - Sputnik. Дар шаҳри Турсунзода як ҷавони 23-соларо падар ва бародарони духтари дӯстдоштааш зинда гӯр карданд, хабар медиҳад сомонаи нашрияи "Оила".
Бар хабари манбаъ, ҷавонписар Хусрав ном дошта, сокини ҷамоати деҳоти Батоши шаҳри Турсунзода будааст.
Мулоқотгоҳи пулакии марди ҷавону маъшуқаи солхӯрда дар Душанбе ошкор шуд
Манбаъ мегӯяд, Хусрав шабона дӯстдухтарашро барои мулоқот даъват мекунад, ки аз ин корашон падар ва баробарони духтар хабардор шуда, Хусравро дастгир мекунанд.
Гуфта мешавад, хешони маъшуқааш нахуст ӯро латукуб намуда, сипас чуқурие кофта ӯро зинда ба зинда то гулӯ мегӯронанд.
"Шок-видео": ҷанҷоли ҳамсар ва маъшуқа дар автобус
Зимнан пайвандони ин ҷавондухтар дӯстдоштаашро таҳдид мекарданд, ки дар сурати ба зани нагирифтани духтарашон ӯро ҳамин тавр зинда ба зинда зери хок мекунанд.
Хусрав барои аз чанги хешони маъшуқааш халос шудан ва аз тарси ҷон розӣ мешавад, вале ҳангоми ба хона баргаштан дар дохили оғил худро ба дор меовезад.
Манбаъ мегӯяд, ки қазияи марги ин ҷавони ошиқ аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ феълан мавриди санҷиш қарор дорад.