Гузориши генерал Аламшозода аз кори шашмоҳа дар ВМКБ

Абдураҳмон Аламшозода, сардори Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ мегӯяд, тайи шаш моҳи соли равон дар вилоят 348 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки кушодашавии онҳо 90 фоизро ташкил медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Аламшозода зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи мақомоти умури дохилӣ гуфт, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои оперативӣ — ҷустуҷӯйӣ 23 муттаҳами дар кофтукоб қарордошта дастгир карда шуданд.

Файзов ва Шералӣ Мирзо машқҳои муштарак бо Чинро муҳим хонданд

“Инчунин, 20 ҳолати дахолату таҳқир ва монеъшавӣ ба фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хоса дар дидбонгоҳҳои доимоамал­кунандаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят ошкор гардид, ки дар натиҷа, нисбат ба 15 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд ва тафтишот идома дорад”, - иттилоъ додааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Абдураҳмонзода.

Абдураҳмон Аламшозода зимни нишасти матбуотӣ гузориш додааст, ки дар маҷмуъ "аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва шахсони алоҳида 332 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 43 автомати Калашников, 50 тапончаи Макаров, як гранатомёт, 118 адад ТОЗ — 8 (милтиқ), 80 милтиқи шикорӣ, 36 карабин, се найзакорд ва аз аҳолӣ миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ — 3 178 адад тирҳои гуногун, 115 тирдон, 23 норинҷак, 11 тӯпи зермила (подствольник), чор снаряди чархбол, 17 килограмму 250 грамм маводи таркандаи гранулит, 250 грамм маводи таркандаи аманит ва ғайра мусодира шуд".

Сардори Ситод инчунин иттилоъ додааст, ки дар ВМКБ 206 ҳолати худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ ошкор ва дар ин робита нисбат ба 17 нафар парвандаи ҷиноятӣ ва нисбат ба 68 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардид.