Таҳдиди то 10 соли зиндон ба генерал Асанов баъди музокира бо Отамбоев

Додгоҳи олии Қирғизистон тасдиқ намудаст, ки собиқ муовини вазири умури дохилӣ Курсан Асанов, аснои боздошт намудани собиқ раисҷумҳур Алмосбек Отамбоев талаботи қонунро дағалона нақз намудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Додситони кулли Қирғизистон алайҳи муовини собиқи вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов, ки бо собиқ раисҷумҳур Алмосбек Отамбаев зимни амалиёти боздошт музокира мекард, парвандаи ҷиноӣ боз намудаст, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости.

Ду дархости Отамбоев аз роҳбари Маркази зидди шиканҷа

Бар хабари манбаъ, чанде қабл генерал- майори милиса пас аз анҷоми тафтишоти Вазорати умури дохилии ин кишвар дар робита ба руйдодҳои ахири 7-8 август дар Кой-Тоши Қирғизистон, аз симматаш барканор шуд.

Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт

Асанов дар ниҳояти кор бинобар хиёнат кардан ба манфиатҳои пулис ва аз даст додани эътимод, аз вазифааш маҳрум шуд.

Дар Додситони кул таъкид намуданд, ки Асанов борҳо дар ҷараёни амалиёти махсуси боздошти собиқ раисҷумҳур, талабот ва дастурҳои Вазири корҳои дохилиро сарфи назар намуда кардаст.

Зимнан тафтишот муайян намуд, ки генерал- майор бидуни розигии вазир,  қарорҳои беиҷозатро қабул намудаст, дар ҳоле, ки чунин салоҳиятро надорад.

КДАМ Қирғизистон: Отамбоев мехост табаддулоти давлатӣ кунад

Гузашта аз ин маълум гардид, ки Асанов, дар вақти тафтишот ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро дар хатар ва бидуни фармон монда, макони ҳодисаро тарк кардаст ва бо ин амалаш  талаботи қонунгузории амалкунандаро дағалона вайрон намудааст.

Инчунин тафтишот собиқ муовини вазирро дар пинҳон кардани далелҳо вобаста ба парвандаи боздошти Атамбаев гумонбар меҳисобад.

Ҳамин тариқ, нисбати Асанов тибқи моддаи сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ба ӯ 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.