Ангела Меркел саҳнаи сиёсатро тарк мекунад

Канслери Олмон Ангела Меркер ахиран тасдиқ намуд, ки пас аз анҷоми мӯҳлати чаҳоруми роҳбарияш аз сиёсат канор меравад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Меркел тасдиқ намуд, ки ният дорад пас аз соли 2021, аниқтараш замони ба охир расидани вазифаяш дар курсии канслерӣ аз саҳнаи сиёсат меравад, хабар медиҳад рӯзномаи Ostsee - Zeitung.

Меркел боз дарақ-дарақ ларзид: ҳайрати сарвазири Финландия – Навор

Изҳороти Меркел ҳангоми мулоқоташ бо хонандагони ин нашрия садо дод. Ӯ қайд намудаст, ки пас аз ба охир расидани мӯҳлати роҳбарияш дар ин симмат, дигар ба фаъолиятҳои сиёсӣ машғул намешавад.

Гузашта аз ин Меркел илова намудаст, ки минбаъ дар сатҳи Иттиҳоди Аврупо низ аз ишғоли вазифаҳои калидӣ комилан даст мекашад.

Дар ҳамин ҳол Меркел изҳор доштааст, ки даври ҷаҳоруми роҳбарии худро, ки соли 2021 анҷом мепазирад, ба охир расонда, сипас курсияшро тарк мекунад.

Меркел боз дарақ-дарақ ларзид. Ин дафъа дар назди президенти Олмон - Видео

Сиёсатмадор иқрор шудаст, ки боиси сарфарозии ӯ мешавад, агар пас аз анҷоми фаъолияти ӯ дар арсаи сиёсат, дар китобҳои таърихии  Олмон навишта шавад, ки "вай кӯшиш кард".

Ёдовар мешавем, ки вақтҳои охир саломатии канслери Олмон Ангела Меркел он қадар хуб набуда, чанд бораҳо дар ҳузури роҳбарони давлатҳо дарақ дарақ меларзид. 

Меркел ҳангоми мулоқот бо Зеленский дарақ-дарақ ларзид - Видео

Аммо ин сиёсатмадар пайвата хабари расонаҳои хориҷ дар мавриди ба беморӣ гирифтор буданашро рад намуда, мегӯяд худашро бисёр хуб ҳис мекунад ва пайвата аз пайи ҳифз намудани солимияш аст.