Шикасти дастаҳои мизбон аз меҳмонҳо дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз анҷоми бозиҳои даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон-2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ хабар дод, ки аз аз чор бозӣ дар сетоаш меҳмонон ғалаба карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бар тими "Истаравшан", КМВА "Помир" бар дастаи "Хатлон", "Хуҷанд" бар "Регар-ТадАЗ" бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз гардиданд. Бозӣ миёни дастаҳои "Панҷшер" бо "Куктош" мусовӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом шуд.

Роберто Карлоc бо голзанӣ қоидаҳои физикаро вайрон кард - Видео

Манбаъ афзуд, дар пайи натиҷагирии даври ёздаҳум КМВА “Помир” зинаи охири ҷадвалро тарк кард ва ҷояшро ба "Панҷшер" супорид.

Феълан дастаи "Истиқлол" бо 31 хол дар ҷои 1, "Хуҷанд" бо 20 хол дар ҷои 2, “Куктош” бо 18 хол – 3, сипас "Регар-ТадАЗ"- 13 хол, "Хатлон" – 12 хол, "Истравшан" – 11 хол, КМВА "Помир" – 9 хол ва дар охири ҷадвал "Панҷшер" бо 8 хол қарор дорад.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар даври 12-уми Чемпионати кишвар 17 август "Истиқлол" – "Куктош" ва "Регар-ТадАЗ" - "Панҷшер" қувваозмоӣ хоҳанд кард. Рӯзи 18 август қувваозмоии КМВА "Помир" – "Хуҷанд" ва "Истаравшан" – "Хатлон" дар назар аст.