ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди-35 солаеро дастгир намуданд, ки дар як муноқишаии оилавӣ ҳамсарашро бо табар зада ба қатл расондаст.
Тавре манбаъ иттилоъ додааст, ҳодисаи нохуш рӯзи 13-уми августи соли равон сурат гирифтааст.
“Марди 35-солаи истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Даҳшат: шавҳари рашкин ҳамсарашро дар таксӣ 10 корд зада кушт
Манбаъ зикр намудааст, ки номбурда, ҳангоми дар хонаи падараш, марди 65-солаи сокини деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муминобод қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш, зани 28-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо табар як маротиба ба қисмати гарданаш зада, баъдан ба сару китфи падараш задааст.
“Дар натиҷа, ҳамсари номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Падараш бошад ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, - қайд намудааст масъулини ВУД Тоҷикистон.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома дода истодаанд.