Фармони Мирзиёев барои боздиди бераводиди атбои 20 кишвари дигар аз Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон фармони низоми бераводид барои шаҳрвандони 20 кишвари дигарро имзо кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Узбакистон ба шаҳрвандони 20 кишвар низоми бераводидро ҷорӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Оғози ҳаракати мошинҳо ба Чин тариқи Тоҷикистон баъди имзои Мирзиёев

Ба иттилои манбаъ, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон фармони "Дар бораи чора ва тадбирҳои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Узбакистон"-ро имзо кард.

Бар асоси ин фармон, аз 1 январи соли 2020 шаҳрвандони 20 кишвар метавонанд бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯз ба Узбакистон ташриф оваранд.

Ба ин феҳраст, Антигуа ва Барбуда, Барбадос, Белиз, Гренада, Ҷумҳурии Доминикан, Мексика, Гватемала, Гондурас, Коста-Рика, Куба, Никарагуа, Панама, Тринидад ва Тобаго, Эл-Сальвадор, Сент-Винсент ва Гренадина, Сент-Люсия, Ҷазираҳои Багам, Доминика, Федератсияи Сент-Китс ва Невис, Ямайка шомил мебошанд.

Узбакистон 20 март барои шаҳрвандони Аморати муттаҳидаи араб низ низоми бидуни раводид ба муҳлати 30 рӯзро ҷорӣ карда буд. Дар ҳоли ҳозир Узбакистон бо 64 кишвар низоми бидуни раводидро ҷорӣ кардааст.