Тоҷики баинсоф: муҳоҷир миллион рублро ёфту ба соҳибаш баргардонд- навор

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамонии як корманди баинсофи мағоза, ки аз Тоҷикистон будааст, ҳамаро дар ҳайрат гузошт
Sputnik

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезанад, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон дар як мағозаи фурӯшӣ борхалтаеро бо як миллион рубли русӣ пайдо намуда ба соҳибаш бармегардонад.

Маҳмуд дар муҳоҷират кӯдакеро наҷот дод ва ба дидори раисҷумҳур "мушарраф" шуд (НАВОР)

Дар навор роҳбарони ин мағоза чандин бораҳо бо фахр таъйид мекунанд, ки ин нафар ҳамкори онҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Зимнан аз навор бармеояд, ки соҳиби ин миқдор маблағ аз баинсофии  муҳоҷири тоҷик ангушти ҳайрат мегазад. Ва ба дархости он ки маблағҳояшро баршуморад , ҷавоб додаст, ки "Лозим нест. Ман ба ӯ бовар дорам!".

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз  чунин як амали хайрихоҳии як коргари одӣ аз Тоҷикистон ҳайрон монда таҳсину офаринаш мехонданд.

Сипос ба ту Аҳмад: тоҷик ҳамёни як марди русро бо 100 ҳазор рубл баргардонд (НАВОР)

Ҳамзамон чанд корбари дигар пас аз тамошои ин навор қайд намуданд, ки муҳоҷири тоҷик "девона" аст, ки як миллион рублро дарёфт ва  ба соҳибаш баргардондаст.