ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Бино бар иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш шуда, вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 16+21 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.