Пул бисёр мешавад: бонкҳои Тоҷикистону Покистон ҳамкорӣ мекунанд

Бонкҳои тоҷикистону Покистон ҳамкорӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Рӯзи 8 августи соли 2019 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Покистон Исматулло Насредин бо раиси Бонки давлатии Покистон Ризо Боқир баргузор гардидааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои бонкии ду кишвар ва дурнамои робитаҳои дуҷониба дар ин самт муҳокима шуданд.

Пул бисёр мешавад: бонкҳои Тоҷикистону Покистон ҳамкорӣ мекунанд

Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд

Манбаъ афзуда, ки ҳамчунин пиромуни раванди баррасии пешнависи санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур табодули назар сурат гирифтааст.