Навсозии новгони ҳавоии Тоҷикистон бо кумаки Аврупо

Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо барои навсозии шабкаҳои новии ҳавоии Тоҷикистон 6 миллион евра эътибори молӣ ироа мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг - Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, намояндагии Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои навсозии зерсохтҳои новбарии ҳавоӣ дар фурудгоҳи аслии ин кишвар эътибори молии 6 миллион евраӣ ихтисос хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” танқид кард

Ин эътибор дар муддати 7 сол эъто хоҳад шуд.

Дар фурудгоҳҳои аслии Тоҷикистон солона ҳудуди 1,5 миллион нафар мусофир ҷо ба ҷо мешавад.

Хариду насби таҷҳизоти нави новбарӣ то соли 2021 имкони истифодаи беҳтар аз фазои ҳавоии Тоҷикистон ва афзоиши эминии парвозҳо дар фазои ин кишвари куҳистонӣ ва дорои шароити нопойдори обу ҳавоиро фароҳам хоҳад кард.

Дар маҷму Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо барои иҷрои 127 тарҳ дар Тоҷикистон 673 миллион евра сармоягузорӣ кардааст.