Масъулини баландпояи ВМКБ дар Ҷелондӣ "тирпарронӣ" мекунанд

Дар чорчӯби тамрини муштараки низомиёни тоҷику чинӣ рӯзҳои 8 ва 14 август, раҳбарияти ВМКБ ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Роҳбарони ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ ва ҳукумати вилоят, рӯзи 12 август ба ҷамъомади ҳарбӣ даъват шудаанд, хабар дод котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Ориф Нозимиён дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин тамрини ҳарбӣ дар размоишгоҳи “Ҷелонди”-и ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.

Ҳарбиёни рус дар Помир чормағзро нишон гирифтанд

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи ин ҷамъомад, ки пагоҳ, 14 август ба анҷом мерасад, ба раҳбарияти вилоят усулҳои ташкили дифоъи ҳудуд ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ дар ҳолатҳои зарурӣ, омӯзонида мешавад.

Ҳамчунин малакаву маҳорати тирпарронии раҳбарияти вилоят аз автомат ва таппонча санҷида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки размоиши ҳарбии низомиёни тоҷику чинӣ нахустин тамрини муштарак хоҳад буд. Машқи низомӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ, баргузор мешавад.

Размоиши муштараки ҳарбии Тоҷикистону Чин дар ВМКБ

Гуфта мешавад дар тамрини мазкур аз тарафи Тоҷикистон нерӯҳои ҳавоӣ, дифои ҳавоӣ ва қушунҳои пиёдагард ширкат мекунанд.

Ҳамчунин иштироки ҳайати гарнизони ҳарбии ВМКБ низ дар назар  аст.

Ёдрас мешавем, ки низомиёнии Тоҷикистон ва Чин ҳанӯз соли 2016 дар қаламрави ВМКБ тамрини ҳарбӣ гузаронида буданд. Вале он замон Ҷумҳурии халкии Чинро артиши миллии кишвараш намояндагӣ намуд.

Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо, амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин, мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.

Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин нерӯҳои ҳавоӣ, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.