Хиёнат кард: барканории муовини вазир, ки бо Отамбоев гуфтушунид дошт

Намояндаи мақомоти қудратии Қирғизистон, ки зимни даргирӣ барои боздошт, бо Отамбоев гуфтушунид карда буд, барои хиёнат ба манфиати милитсия аз вазифа барканор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Генерал - майори милиса Курсан Асанов, дар паи тафтишоти дохилӣ аз вазифа барканор шуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии ВУД, хабар медиҳад.

Қарор дар бораи барканории муовини вазирро нахуствазири кишвар Муҳаммадқулий Абилғозиев имзо кардааст.

КДАМ Қирғизистон: Отамбоев мехост табаддулоти давлатӣ кунад

Алмосбек Отамбоев боздошт шуд

ВКД Қирғизистон масъалаи даргирӣ дар Кой-Тош ва махсусан кори Асановро дар рӯзҳои 7-8 август барои роҳ надодан ба задухӯрди оммавӣ зимни боздошти Отамбоев, тафтиш кардааст.

Шарти Отамбоев ва ваъдаи генерал – видеои музокироту таслимшавӣ

Ҳамин тавр дар паи тафтишот, муовини вазири умури дохилӣ барои хиёнат ба манфиатҳои милитсия аз вазифа барканор карда шуд.

Гуфта мешавад, ки ҷузъиёти дигари тафтишот ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7 ва 8 август барои боздошти собиқ президенти Қирғизистон, Алмосбев Отамбоев амалиёти вижа баргузор шуд.

Додгоҳ Отамбоевро то 26 август ҳабс кард

Дар паи амалиёти аввал ба кормандони мақомоти қудратӣ даст надод, Отамбоевро боздошт кунанд, чун ҷонибдорони собиқ президент бар зидди ҳукуматдорон баромада, аввал дар Кой-Тош ва сипас дар Бишкек задухӯрди оммавӣ баргузор карданд.