Дастури Зеленский барои додани шаҳрвандии Украина ба шаҳрвандони Русия

Ҳукумати Украина мехоҳад низоми додани шаҳрвандиро барои шаҳрвандони Русия, ки дар ватанашон ба сабабҳои сиёсӣ таъқиб мешаванд, осон кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Президенти Украина, Владимир Зеленский ба ҳукумати кишвар дастур додааст, тарҳи ба таври содда гирифтани шаҳрвандии Украинаро барои шаҳрвандолни Русия, омода кунанд.

Қарори мазкур дар саҳифаи расмии кишвардор нашр шудааст.

Салоҳияти нави Путин: ба киҳо шаҳрвандии Русия ба осонӣ дода мешавад

Ин барнома ба касоне дахл дорад, ки ба сабаби аъмоли сиёсиашон дар Русия, таъқиб шудаанд.

Тибқи қарори президент, ҳамчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки амнияти милли Украинаро дифоъ кардаанд, ба таври содда шаҳрвандӣ дода мешавад.

Ёдрас мешавем, ки моҳи июл, президенти Русия ҳам бо имзои як қарор, тарзи гирифтани шаҳрвандии Русияро барои сокинони Донбасс ва баъдтар барои ноҳияҳои алоҳидаи Луганск ва Донетск осон кард.

Владимир Путин ин қарори худро шарҳ дода гуфт, Русия ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад барои Киев мушкил эҷод кунад, вале вазъ дар Донбасс аз ҳад гузаштааст.