ДУШАНБЕ, 12 авг - Sputnik. Дар идомаи ҷаласаи Вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон, ки дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Ҳамро баромад намудаааст.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, вазири тоҷик оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти муқовимат бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ зимни ҷустуҷӯи ҷинояткорон ва фаъол намудани ҳамкории кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияҳои наздисарҳадӣ дар мубориза бар зидди дуздии амволи ғайр ибрози андеша намудааст.
Дар ҷаласаи мазкур щокими шаҳри Алмато Сагинтаев ширкат намуда, ба ҳамкориҳои самараноки давлатҳои минтақа баҳои баланд дода, барои робитаи зич ва ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ кардааст.
"Танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон барем", - гуфтааст ӯ.
Дар идомаи ҷаласа вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-лейтенанти политсия Тургумбаев Ерлан Заманбекович, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбакистон генерал-майор Пулат Бобожонов ва намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоот дар Осиёи Марказӣ (ЦАРИКЦ) баромад намуда, ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳо намудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷояи ҷаласаи вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон имзо шудааст.
Ҳамчунин маросими баимзорасонии дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳо баргузор гардидааст.