Аъзои Шӯрои уламо, таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода қаблан вақти намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳуриро соати 06.30 муайян карда буд, ки имрӯз аз ҷумла дар масҷиди марказии Душанбе низ баргузор шуд.
Дар ин рӯз имомхатибон дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, аз намозгузорон даъват карданд, ки дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа ва рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд.
Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонон, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа таҷлил мешавад. Чаҳор навъ ҳайвоноти ҳалолгӯшти аҳлӣ – хонагӣ барои қурбонӣ ҷоиз аст: Гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нар бошанд ё мода.
Синни гови қурбонӣ бояд дусола бошад ва камтар аз ин ҷоиз нест. Синни шутури қурбонӣ набояд аз панҷ сол кам бошад.
Дар рӯзи ид эҳсону некӣ аз ҳар навъе, ки бошад, амалест, ки Худовандро хушнуд мегардонад. Хусусан кӯмак ва дастгирии ятимону ниёзмандон дар рӯзҳои ид боиси аҷру савоби бешумор ва хушнудии Худованд ва Расули ӯст.