Савумин заминларза давоми ҳамагӣ чанд рӯз дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон боз як заминҷунбии дигар рух дод, ки давоми чанд рӯзи охир ин аллакай маротибаи саввум мешавад, ки зилзила ин минтақаро такон медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik. Имрӯз соати 11:43 дақиқаи  ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави  Тоҷикистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд, иттилоъ  додааст хабаргузории АМИТ "Ховар" дар истинод ба президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ. 

Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро такон дод

Бар хабари манбаъ, маркази заминҷунбӣ Афғонистон, дар километри 265-уми самти ҷанубу шарқи Душанбе мебошад.

Тоҷикистонро заминларзаи 4,3 баллӣ такон дод

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 3,4 балл, дар Душанбе 3 балл ва дар Роғун 3 баллро ташкил дод.

"Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд гирифта нашудаанд", - зикр намуд манбаъ.

Ёдрас мешавем, ки се рӯз пеш заминларзаи 5,1 баллӣ дар шимолу шарқи Афғонистон ба вуқӯъ пайваст.

Маркази заминҷунбӣ 44 километр дуртар аз пойтахти Бадахшони Афғонистон, шаҳри Файзобод, ки ин ҷо беш аз 44 ҳазор кас зиндагӣ дорад, воқеъ будааст.

Мудҳиштарин заминларза дар Тоҷикистон: фоҷеаи Ҳоит

Заминларза, ҳамчунин дар ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон, ки 30 километр шарқтар аз маркази заминҷунбӣ воқеъ аст, эҳсос шуда буд.

Маркази заминларза дар чуқурии 212 километр ҷойгир будааст.