Ҳалокати се зоир дар Ҳаҷ, онҳоро дар Макка ба хок супориданд

Зоирин бар асари беморӣ ҷон бохтанд ва то ҳол ному насаби онҳо гуфта нашудаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 авг - Sputnik.  Се шаҳрванди Қирғизистон ҳангоми Ҳаҷ дар Арабистони Сауди ба ҳалокат расиданд, иттилоъ дод сомонаи Sputnik Қирғизистон бо истинод ба маълумоти сухангуйи Идораи мазҳабии мусалмонон Мақсат Атабаев.

Гузориши мустақим аз маросими Ҳаҷ - навори зинда

Бар хабари манбаъ, зоирини қирғиз бар асари беморӣ ҷон аз даст доданд.

Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео

Гуфта мешавад, то ҳол ному насаби марҳумон номаълум буда, ҷасади онҳо дар Макка ба хок супорида шуд.

Имсол Арабистони Саудӣ барои зоирини Қирғизистон 6 010 даъватнома ирсол намуда буд.

Худнамоӣ ва ё эътиқод: мақсади ҳаҷ бо чунин хароҷоти калон дар чист?

Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон имсол 7000 бурсия барои зоирини тоҷик дарёфт намуда буд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил хоҳад дод.

Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

Кумита тавзеҳ додааст, ки ба маблағи зикршуда хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил мебошад.

Парвози нахустини зоирини тоҷик тариқи ширкати "Сомон Эйр" 22- юми июли соли равон оғоз ёфта, охирин парвоз 2–юми август сурат гирифта буд.

Интизор меравад, марҳалаи дуввуми барномаи Ҳаҷ- 2019, яъне бозгашти зоирин аз Арабистони Саудӣ аз 21- уми август шурӯъ шавад.