Боздошти Отамбоев ва ваъдаи Медведев ба Қирғизистон: ҳама вақт кумак мекунем

Сарвазири Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки Маскав наметавонад ба ҳодисаҳое, ки дар Қирғизистон рух медиҳанд, дар канор бошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Spunik.  Сарвазири Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар Қирғизистон бо раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков мулоқот кард ва дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё ширкат варзид, иттилоъ медиҳад хабаргузории РИА Новости

Бар хабари манбаъ, сафари Дмитрий Медведев дар пасманзари боздошти собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев сурат гирифт.

Изҳороти Медведов дар бораи қазияи Отамбоев

Хабар дода мешавад, ки сарвазири Русия аснои мулоқоти рӯбарӯ бо раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, нахуст ба ӯ дуруди Владимир Путинро расонида гуфт, ки Русия дар ҳама ҳолат Қирғизистонро дастгирӣ мекунад.

"Мо дар ҳақиқат муносибатҳои хуб дорем, дар масъалаҳои мухталиф ба ҳамдигар маслиҳат медиҳем. То ҳадди имкон, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ба дӯст ва шарики худ, Ҷумҳурии Қирғизистон кӯмак расонем ва ин имдодрасониро ҳамоно идома медиҳем, ҳаргиз шубҳа накунед", - гуфтааст Медведев ба президенти Қирғизистон.

Пас аз боздошти Отамбоев: Бабанов ба Қирғизистон бозгашт - акс

Дар навбати худ, раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков низ таъкид намуд, ки солҳои охир раванди муносибатҳо ва ҳамкориҳо миёни кишварҳояшон дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст.

Президент илова намудаст, ки Қирғизистон  дастгириҳо ва дӯстии Русияро хуб дарк мекунад. 

"Мо шуморо ҳамчун дӯсти наздик мешуморем. Шумо ҳамеша ба Қирғизистон муносибати хоса  мекунед", - гуфт президенти Қирғизистон.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз сарвазири Русия ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё озими Қирғизистон шуда буд