Раиси ширкати “Фаровон-2016” барои тасарруфи пулҳои “Роғун” ба 10 сол зиндон маҳкум шуд

Қосим Яҳёев як соҳибкор ва роҳбари ҶДММ “Фаровон-2016” як қисм маблағҳои барои сохтмони ҶСК НБО “Роғун” пешбинишударо тасарруф намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ахиран масъулини Раёсати ожонсии мубориза бо фасод дар Суғд зимни нишасти матбуотӣ эълон намуданд, ки ширкати ҶДММ “Фаровон-2016” як қисм маблағҳои барои сохтмони ҶСК НБО “Роғун” пешбинишударо тасарруф намудааст.

Карим Иброҳимзода, сардори Раёсати ожонси мубориза бо фасод дар Суғд гуфт, тасарруфкунии маблағ аз сӯи ин соҳибкор дар асоси муроҷиат ва корҳои фаврӣ ҷустуҷӯи ошкор карда шудааст.

Идрисзода гуфт, маблағи зарари “Умед – 88” ба “Роғун”-ро мерӯёнанд

Ӯ афзуд, Қосим Яҳёев, директори ҶДММ “Фаровон-2016” и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷаласаи Комиссияи тендерии НБО “Роғун” дар самти харидори намудани маҳсулоти лозим барои корҳои сохтмонӣ, электроди махсуси зангназанандаи иштирок намуда, ғолиб омада, мебоист дар ҳаҷми 13400 кило ин навъ электроди зангназанандаро ба маблағи 1 725 040 сомонӣ ба ҶСК НБО “Роғун” дастрас менамуд.

Қарори барориши саҳмияҳои иловагии “Роғун”: 1 саҳмия – 100 сомонӣ

“Аммо Яҳёев Қ.С. дар доираи шартнома дар ҳаҷми 1222 кг электроди зангназанандаи навъи “Уони” ба маблағи 2 071 364 дастрас намуда, маблағи боқимондаро, ки ҳисоби он 607636 сомонӣ гуфта мешавад тасарруф намуда ба ҶСК НБО “Роғун” зарари калони молиявӣ расонидааст”, гуфт Иброҳимзода.

Ба иттилои Раёсати ожонсии мубориза бо фасод дар Суғд, барои содир кардани чунин кирдори Яҳёев Қ.С. бо аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 340- и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбиншуда дар суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бандубаст шуда, номбурда ба даҳ соли маҳрумият аз озодӣ ҳукм карда шудааст.