Музокироти Тошканд бо ҳайати Толибон

Дирӯз Вазорати умури хориҷаи Узбакистон бо ҳайати Толибон музокиро доир намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳайати Толибон бо роҳбарии сардори дафтари сиёсии Толибон дар Қатар Абдул Ғани Бародар, ки барои музокирот ба Узбакистон ташриф оварданд бо намояндагони ВУХ ин кишвар вохӯрӣ доир карданд, хабар медиҳад сомонаи Afganistan.ru.

Толибон: нерӯҳои хориҷиро аз хоки Афғонистон бароред сипас музокирот хоҳем кард

Тавре дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон қайд шудааст, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили вобаста ба пешрафти раванди сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ карданд.

Ашраф Ғанӣ 500 зиндонии Толибонро афв кард

Гуфта мешавад, Мулло Бародар аз ҳукумати Узбакистон ҷиҳати таваҷҷӯҳ намудани онҳо ба мушкилоти ҷойдоштаи Афғонистон изҳори миннатдорӣ намуда, афзудааст, ки ба шарофати ин кишвар мушкилоти Афғонистон дигарбора дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Террорист худро тарконд ва 200 касро дар Ғазнӣ захмӣ кард

Зимнан  роҳбари толибон,  пешниҳоди баргузор гардидани боз як нишасти дигар дар Самарқанд вобаста ба вазъи феълии Афғонистонро ҷонибдорӣ намуда, аз ҳукумати кишвари мизбон барои доир намудани шароити хуби музокирот арзи сипос намуд.

Маврид ба зикр аст, ки Толибон борҳо ба ҳукумати кишварашон таъкид намуда буданд, ки танҳо дар сурати коҳиш ёфтани теъдоди ҳарбиёни Амрико дар Афғонистон омодаи музокирот ҳастанд.