Муштзанҳои навраси тоҷик аз Чемпионат медали биринҷӣ оварданд

Муштзанҳои навраси Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё дар риштаи бокс миёни мактаббачаҳо сазовори ду медали биринҷӣ шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Чемпионат 1-9 август дар шаҳри Кувайти давлати Кувайт миёни писарони соли таваллудашон 2005-2006 аз рӯи 14 категорияи вазнӣ сурат гирифт.

Усмонов аз мусобиқа барои Ҷоми Президенти Қазоқистон бо медал ва 500 доллар бармегардад

“ Дар муҳорибаҳо 150 варзишгар аз 21 давлати қораи Осиё ширкат намуданд. Аз ҷумҳурии мо 9 варзишгар ба мусобиқа сафарбар гардиданд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки медалҳои биринҷиро дар ҳайати Тоҷикистон Руслан Ғафуров дар вазни 37 кило ва Шаҳбоз Додоҷонов дар вазни 52 кило  ба даст оварданд.

Руслан Ғафуров  пас аз пирӯзӣ бар варзишгарони Сурия ва Қирғизистон, дар нимфинал аз намояндаи Узбакистон шикаст хӯрд.

Шаҳбоз Додоҷонов  низ бар варзишгарони Урдун ва Кувайт дастболо гардид, вале дар нимфинал аз варзишгари Узбакистон мағлуб гардид. Ҳар ду варзишгари Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.