Ин ҷашн дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷаи тақвими қамарии исломӣ таҷлил карда мешавад.
Дар Тоҷикистон имсол бо қарори Шӯрои уламо Иди Қурбон рӯзи 11 август ҷашн гирифта мешавад.
Мусулмонони Покистон низ чун дигар намояндагони дини Ислом барои таҷлили Иди Қурбон омодагӣ мебинанд.
Тибқи қавонони дини Ислом ҳайвоне, ки қурбонӣ мешавад, бояд зебо фарбеҳ ва бузург бошад. Куштани ҳайвони лоғар, бемор ё заифу ланг дар рӯзи қурбонӣ ҷоиз нест.
Хонаводаи Иёз гови қурбониро ба таври аҷиб нигоҳубин мекунад.
Суҳбати динии Раҳмон: аз бародарони шайтон то хони идона ва шарти анҷоми Ҳаҷу Қурбонӣ
Барои қурбонӣ кардан, говро солҳо бузург карда як ҳафта пеш онро бо бандҳои вижа баста ба болои бом мебардоранд.
Қурбонӣ дар Иди қурбон ва 5 аркони ислом
Пасон дар рӯзи қурбонӣ говро тавассути "кран" ба замин мефароранд.
Ин анъанаест, ки ҳамасола барои тамошои он аз гӯшаю канори дунё мардум ҷамъ меояд.