Ду садамаи маргбор: ронанда кӯдаки 3 - соларо пахш намуд

Вазорати умури дохилаи Тоҷиксистон аз ду садамаи маргбор давоми як шабонарӯз хабар медиҳад, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, рӯзи 8-уми августи соли 2019, тахминан соатҳои 14:00, дар роҳи ноҳияи Ховалинг садамаи нақлиётӣ рух дод.

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Норак – Ваҳдат

Бар хабари манбаъ, Қосимов Шарифхони 31- сола ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра" сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти ноҳияи Ховалинг дар назди мавзеи Куталхуштаки ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 50-метр чаппа намудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофирони дохили автомашина: Латифов Файзалии 54- сола, сокини деҳаи Шугнов, Назарова Қатраи 21-сола, донишҷӯи донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмони бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. 

Садамаи маргбор: "Нисан" чаппа шуд ва се нафар ҷон бохтанд

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Одинаева Моҳлиқо Файзалиевна, соли таваллудаш 1998, сокини деҳаи Шугнов, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Хоруғ: 5 мусофир ҷон бохтанд
ВУД афзуд, ки инчунин як садамаи маргбори дар ҳамин рӯз хабар медиҳад, ки боис ба ҳалокати кӯдаки се сла гардида.

Манбаъ мегӯяд, рӯзи 8-уми августи соли равон, тахминан соати 00:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Умаров Тоҷибойи 57- сола , ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Навобод ба самти деҳаи Қизилнишони ҳамин ноҳия, дар ҳудуди деҳаи Навбаҳор аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Менглиқулова Сабринаи 3 - сола, сокини деҳаи Қизилнишонро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

ВУД таъкид кард, ки феълан таҳқиқи ин ҳодисаҳо идома дорад.