Жээнбеков гуфт: Отамбоев дигар на ҳамчун шоҳид, балки гумонбар аст

Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков изҳор доштааст, ки ҷинояткорони қазияи ахир ҳатман ҷазо дода мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳамакнун ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин ба ҳисоб меравад, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон аз қавли раисҷумҳури ин кишвар Сооронбой Жээнбеков.

Қатъи рухсатии Жээнбеков ва изҳороти Кремл дар бораи амалиёти боздошти Отамбоев

Ба гуфтаи манбаъ, Жээнбеков ин изҳоротро дар ҷаласаи ахири Жогорку Кенеш иброз дошта, афзудаст. ки бо вуҷуди интиқодҳои тунди ВАО аз амалиёти ҳукумат дар қазияи боздошти Отамбоев, ҳамоно неруҳои иловагӣ барои дастгир намудани собиқ президент ирсол нагардиданд.

"Мо кӯшиш мекардем, ки вазъият аз ин печидатар нашавад.Ҳарчанд аз ҷониби тарафдорони Отамбоев силоҳҳои оташфишон истифода мешуданд, аммо нерӯҳои махсус аз лавозимоти ҷангӣ истифода набурданд. Ман фикр кардам, ки бигзор обруйи ҳукумат резад, аммо хуни мардум рехта нашавад",- изҳор намудаст президент.

Ба изҳори Жээнбеков айни замон нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ҷинояткорон ҳатман ҷазо дода мешаванд.

"Агар то ин дам Отамбоев барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид даъват мешуд, ҳоло ба ӯ ҳамчун ба гумонбар дар содир намудани ҷинояти вазнин муносибат хоҳанд кард", - илова намуд Жээнбеков.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба бошишгоҳи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон бегоҳи 7- уми август сурат гирифт, ки дар натиҷаи тирпарронӣ дасти кам 1 нафар ҳалок ва 52 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.