Роҳбандӣ, даргирии ҷадид ва талоши дигари боздошти Отамбоев - навор

Миёни ҷонибдорони собиқ раисҷумҳур Қирғизистон ва намояндагони Хадамоти амнияти ин кишвар даргирии ҷадид сар задааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Феълан ҳаракати нақлиёт дар роҳ ба суйи деҳаи Кой-Тош- мокони бошишгоҳи Отамбоев масдуд аст, хабар медиҳад сомонаи Sputnik Қирғизистон.

Бар хабари манбаъ, айни замон ба самти ин роҳ се адад нақлиёти КамАз, ранҷ автобус ва ду микроавтобуси ҳомили милитсионерон ҳаракат дорад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки неруҳои амниятӣ иборат аз 200 нафар дар наздикии манзили собиқ раисҷумҳур мустақар ҳастанд.

Гуфта мешавад, шумораи ҷонибдорони отамбоев аз низомиёни амниятӣ даҳчанд бештар аст.

Қатъи рухсатии Жээнбеков ва изҳороти Кремл дар бораи амалиёти боздошти Отамбоев

Қаблан хабар дода шуд, ки неруҳои амниятӣ дигарбора ба бошишгоҳи собиқ президент наздик омаданд.

Давоми як шабонарӯз мешавад, ки мақомоти амниятии Қирғизистон кӯшиш доранд то собиқ раисҷумҳурро боздошт намоянд.

Отамбоев иқрор шуд, ки оташро на ҷонибдоронаш, балки худи ӯ кушод

Аммо ҷонибдорони Отамбоев аз амалиёти боздошти ӯ муқобилият нишон дода, монеи амалиёти неруои амниятӣ мешаванд.

Зимнан хабар дода мешавад, ки аксари ҷонибдорони Отамбоев, ки дар маркази Қирғизистон даст ба тазоҳурот заданд, алъон аз майдони эътироз берун шуда ба манзили зисти ӯ раҳсипоранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба бошишгоҳи Отамбоев шоми 7- уми август шурӯъ шуда дар натиҷаи нишон додани муқобилият аз ҷониби тарафдорони собиқ раисҷумҳур, бар асари тирпаррони дасти кам 1 нафар ҳалок ва 57 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.