Профессор Аслиддин Осимӣ даргузшт

Шаби гузашта пизишки маъруфи тоҷик, профессор Аслиддин Осимӣ дар синни 86-солагӣ аз олам чашм пӯшид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Наздикони Аслиддин Осимӣ хабар доданд, ки маросими ҷанозаи Профессор имрӯз, соати 11.30 сурат мегирад.

Ба гуфтаи наздикони Профессор Аслиддин Осимӣ ҷасади вай дар қабристони Сари Осиёи пойтахт ба хок супур мешавад.

Профессор Аслиддин Осимӣ асосгузори соҳаи урология дар Тоҷикистон дониста мешавад. Ӯ нахустин урологи тоҷик аст, ки дар доираҳои илмии Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон машҳур аст.

Осимӣ А.С. дар Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси «корҳои тиббӣ» хатм кардааст. Аз соли 1959 то 1963 дар беморхонаи шаҳрии Хуҷанд ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият намудааст.

Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт

Соли 1963 ба аспирантураи назди кафедраи ҷарроҳии факултетӣ дар курси урологияи назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 1969 таҳти роҳбарии профессор Василий Николаевич Дунчик рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Лечение мочекаменной болезни в условиях курорта Хоҷа-Оби-Гарм” (“Табобати бемории роҳҳои шошадон дар шароити осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм”) дифоъ  мекунад.

Турко Дикаев, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик даргузашт

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Аслиддин Сайфиддинович аз ассистент то профессор, мудири кафедраи урология аз соли 1974 то соли 2010, декани факултети тиббӣ солҳои 1975-1982 ва сарурологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Вай 2 монография, 6 дастури таълимӣ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, 10 пешниҳоди ратсионализаторӣ нашр кардааст ва таҳти роҳбарии ӯ 4 рисолаи номзадӣ  ҳимоя гардидаанд.

Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик даргузашт

Барои хизматҳои шоиста ба Ватан А.С.Осимӣ соли 1978 бо унвони “Аълочии тандурустии ИҶШС”, соли 1983 — “Пизишки шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудааст. Барои дастовардҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ бо мукофоти “Мактаби олии ИҶШС” ва медали “Собиқадори меҳнат”, соли 1973 бо унвони дотсент ва соли 1996 — профессори кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз шудааст.

Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон А. Осимиро бо медали “Шафқат” сарфароз гардониданд ва соли 2011 Аслиддин Осимӣ  “Профессори сол” эълон шуд.

Аслиддин Осимӣ дар доираҳои васеи  донишмандони  Русия, Украина, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва дигар минтақаҳои ИДМ  хуб мешинохтанд. Солҳои ҳаштодум ӯ узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи “Урология ва нефрология”-и ИҶШС буд.