Осмони беабр, чангу ғубор ва ҳавои гарм: обуҳавои имрӯзи Тоҷикистон

Тибқи иттилои маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳаво дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда шуда, ҳарорат ба 38-43 дараҷа мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 авг – Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, ҳаво дар шаҳри Душанбе камабру бебориш  мешавад. Вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво шабона 18+20 ва  рӯзона 39+41  дараҷа гарм мешавад.

КҲФ гуфт дар гармӣ бояд кадом ғизоро истеъмол карду чӣ пӯшид

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи   бебориш мешавад.  Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23  ва рӯзона 37+42  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.   Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 5+10 ва  рӯзона 19+24  дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Тӯфони  чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 ва рӯзона 35+40 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва   рӯзона    26+31  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо  вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 38+43  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 33+38  дараҷа гарм мешавад.