Мақомоти Вазорати тандурустӣ ба кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон кумак расонданд

Мақомоти вилояти Хатлон дар арафаи Иди Қурбон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводҳои доруворию гигиенӣ дастрас намуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмиоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар арафаи Иди Қурбон ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон маводҳои доруворию гигиенӣ дастрас намуд.

Вазорати тандурустӣ ба беш аз 82 ҳазор оилаҳои камбизоат ҷубронпулӣ додааст

Тавре манбаъ қайд намудааст, ин иқдом дар партави дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа сурат гирифтаас.

Пизишкон 60 кӯдаки гирифтори бемории дилро ройгон ҷарроҳӣ карданд

Манбаъ таъкид доштааст, ки кӯмакҳои хайриявӣ, аз қабили маводҳои доруворӣ, маводҳои гигиенӣ ба маблағи 6,5 ҳазор сомонӣ ба мактаб-интернати номурда супорида шуд.

Кумаки башардӯстона: Тоҷикистон ба маблағи 6 миллион доллар маводи доруворӣ гирифт

Дар ҳамин ҳол манбаъ зикр намудааст, ки роҳбарияти сарраёсати мазкур дар арафаи ид ва ҷашнҳои миллию давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорони соҳаи фармасевтии вилоят даст ба корҳои хайриявӣ зада, ба ниёзмандон кӯмакҳои гуногун мерасонанд.